«КОРВОНИ САЛОМАТӢ». Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд

Май 20, 2022 11:30

ДУШАНБЕ, 20.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 18 май ҳайати мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тандурустии мамлакат таҳти роҳбарии муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дар доираи ҳаракати тиббию машваратии “Корвони саломатӣ” ба ноҳияҳои Дарвоз  ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуд, хабар доданд ба АМИТ “Ховар” дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Дар доираи корвони солимгардонӣ садҳо нафар сокинони ноҳияҳои мазкур аз ташхис ва муоинаҳои ройгони тиббӣ гузашта, инчунин ба саволҳои хеш доир ба бемориҳои гуногун  аз мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустии мамлакат посухҳои мушаххас гирифтанд.

Корвони мазкур имкон дод, то шаҳрвандони ин ноҳияҳо дар баробари истифода аз хизматрасониҳои ройгони тиббӣ ҳамзамон аз тавсия ва маслиҳати табибони соҳибтаҷрибаи кишвар низ бархурдор гардида, баҳри таъмини солимии хеш тавсияҳои муфид бигиранд.

Дар доираи ин ҳаракат дар ноҳияи Ванҷ санҷиши 12 нафар кормандони соҳаи тандурустии ноҳия бо иштироки муовини вазир Шодихон Ҷамшед ва мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тандурустии  мамлакат гузаронида шуд.

Дар маҷмӯъ, сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  баҳри таъмини сиҳатии омма ва дар ин замина пайваста андешидани тадбирҳои муҳиму саривақтӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ давоми солҳои охир дар мамлакат ҳаракати тиббию машваратии «Корвони саломатӣ» роҳандозӣ гардидааст, ки дар доираи  он сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар ба хизматрасониҳои  тиббии ройгон фаро гирифта мешаванд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Май 20, 2022 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид
Филми «Пешво аз қалби мардум» дар байни тамошобинон маҳбубияти зиёд пайдо намуд
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Як зумра кормандони гуногункасб, хизматчиёни давлатӣ ва рӯзноманигорон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд
Ҳамкории ҳизбӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад
Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид