«КОРВОНИ САЛОМАТӢ». Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 20.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 18 май ҳайати мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тандурустии мамлакат таҳти роҳбарии муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дар доираи ҳаракати тиббию машваратии “Корвони саломатӣ” ба ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуд, хабар доданд ба АМИТ “Ховар” дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Дар доираи корвони солимгардонӣ садҳо нафар сокинони ноҳияҳои мазкур аз ташхис ва муоинаҳои ройгони тиббӣ гузашта, инчунин ба саволҳои хеш доир ба бемориҳои гуногун аз мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустии мамлакат посухҳои мушаххас гирифтанд.
Корвони мазкур имкон дод, то шаҳрвандони ин ноҳияҳо дар баробари истифода аз хизматрасониҳои ройгони тиббӣ ҳамзамон аз тавсия ва маслиҳати табибони соҳибтаҷрибаи кишвар низ бархурдор гардида, баҳри таъмини солимии хеш тавсияҳои муфид бигиранд.
Дар доираи ин ҳаракат дар ноҳияи Ванҷ санҷиши 12 нафар кормандони соҳаи тандурустии ноҳия бо иштироки муовини вазир Шодихон Ҷамшед ва мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тандурустии мамлакат гузаронида шуд.
Дар маҷмӯъ, сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳри таъмини сиҳатии омма ва дар ин замина пайваста андешидани тадбирҳои муҳиму саривақтӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ давоми солҳои охир дар мамлакат ҳаракати тиббию машваратии «Корвони саломатӣ» роҳандозӣ гардидааст, ки дар доираи он сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар ба хизматрасониҳои тиббии ройгон фаро гирифта мешаванд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ








Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоиш доир шуд
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба соли нави таҳсил омода мебошанд
ОГОҲӢ! Аз 29 то 31 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад
Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад






