Лоиҳаи Қонун «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» мавриди баррасии вакилони Маҷлиси намояндагон қарор гирифт

Май 25, 2022 14:20

ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб иброз намуданд, ки “ҳадафи асосии лоиҳаи қонуни мазкур ташаккули чорчӯбаи меъёри ягона ва муназзами низоми банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии рушд мебошад, ки тибқи он меъёрҳои зарурии идоракунии банақшагирии стратегӣ дар қонуни мазкур муқаррар гардида, раванди банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии рушд аз давраи банақшагирию таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегӣ то амалисозии онҳо ба низом дароварда мешавад”.

Дар иҷлосия ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» баррасӣ гардид.

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва вакили мардумӣ Гулбаҳор Ашурзода таъкид намуданд,  ки “лоиҳаи қонуни мазкур  ба такмили навгониҳои қонунгузорӣ дар соҳаи муомилоти дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва фаъолияти фармасевтӣ, ҷиҳати беҳтар намудани татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва таъмини онҳо бо доруҳо ва молҳои тиббӣ нигаронида шуда, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст”.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» аз 10 боб ва 50 модда иборат буда муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти идоракунии давлатӣ, муомилот, назорати сифат, таъминот бо дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ танзим намуда, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектони фаъолияти фарматсевтӣ, принсипҳо, ваколат, ҷараёни коркард ва таъминоти иттилоотро дар ин самт муайян менамояд.

Масъалаи ниҳоии рӯзнома- лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба вакилони мардумӣ вакил Зафар Файзуллозода муаррифӣ намуда, иброз намуд, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур бо мақсади бо низоми муайян анҷом додани савгандёдкунии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ва мутобиқ гардонидани Қонуни конститутсионии мазкур бо дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Акс: МН МО ҶТ

Май 25, 2022 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд