Маркази барномаҳои байналмилалӣ: ҳуҷҷатсупорӣ барои бурсияҳои таҳсилии Қазоқистон ва Беларус оғоз гардид

Май 7, 2022 10:29

ДУШАНБЕ, 07.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Ҷумҳурии Қазоқистон ва Беларус барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2020-2023 бурсияҳои таҳсилӣ дар зинаи бакалавр ва магистратура ҷудо намудааст.

Довталабоне, ки хоҳиши таҳсил дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Беларусро доранд, метавонанд то 15 майи соли 2022 барои бурсияҳои таҳсилии Қазоқистон ва то 10 июни соли 2022 барои бурсияҳои Беларус худро дар Маркази барномаҳои байналмилалӣ ба қайд гиранд.

Довталабон метавонанд барои номнавис шудан ба суроғаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар  шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Турсунзода 47 (назди Алиф Сармоя) муроҷиат намоянд, ё тариқи телефони 2-23-23-59 ва почтаи электронӣ: mbb-2008@mail.ru тамос гиранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 7, 2022 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд