Миёни иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Тоҷикистон ва Беларус Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 18.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Миёни Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Беларус Ёдошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулҳия Нозакзода ва раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Беларус Татяна Якубович зимни имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ иброз доштанд, ки мардумони Тоҷикистон ва Беларусро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд. Бо шарофати талошҳои муштараки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко муносибатҳои ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав баромадааст.
Ҷонибҳо зимни имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ омодагии худро барои таҳкими ҳамкории иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм изҳор доштанд. Чунин омодагӣ ҳамзамон барои ба роҳ мондани робитаи зичу пурсамар миёни Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ду кишвар таъкид шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими соҳаҳои иттифоқи касаба, маориф, ҳамкории муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардиданд.
АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






