Миёни Тоҷикистон ва Амрико дар самтҳои гуногуни тандурустӣ ҳамкорӣ густариш меёбад

Май 27, 2022 14:21

ДУШАНБЕ, 27.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26 май Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндаи Коргоҳи марказии Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба давлатҳои Осиё Анҷалӣ Каур вохӯрӣ намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зикр гардид, ки  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамкориро бо агентиҳои дахлдори ИМА ба роҳ мондааст. Дар доираи он “Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ИМА оид ба рушди ҳамкории байналмилалӣ (USAID)  барои то соли 2025”  ба имзо расида, тибқи он якчанд лоиҳаҳо амалӣ шуда истодаанд.

Яке аз лоиҳаҳои USAID, ки дар Тоҷикистон ҳоло бо муваффақият амалӣ шуда истодааст, ин лоиҳаи «Модари солим, кӯдаки солим» мебошад. Лоиҳаи мазкур барои беҳтар намудани вазъи саломатӣ ва ғизогирии модарону кӯдакони то 5-сола тавассути хизматрасонии тиббӣ дар оила, ҷомеа ва муассисаҳои тандурустӣ дар Тоҷикистон то соли 2025 пешбинӣ шудааст.

Дар баробари ин лоиҳаи “Иҷрои ҳадафҳо вобаста ба беҳтарсозии хадамоти эпидемиологӣ” (ЭПИК) бо мақсади дастгирии беморони мубталои ВНМО дар байни қишри осебпазири аҳолӣ ва таъмини табобати муттасил амалӣ шуда истодааст.

Ҳамзамон як қисми лоиҳаи мазкур ба расонидани кумаки техникӣ вобаста ба омӯзонидани мутахассисони  соҳаи тиб ва таҳияи санадҳои клиникӣ оид ба табобати бемории сироятии COVID-19 равона карда шудааст.

Ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Май 27, 2022 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?