Миёни Тоҷикистон ва Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ Созишнома ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 26.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар Душанбе бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, Сафири Олмон Андреaс Протманн, Директори минтақавии Бонки олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер ва роҳбари ширкати «Помир Энерҷӣ» маросими баимзорасонии «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ (2020)» ва «Шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант ва татбиқи лоиҳа миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Вазорати рушди иқтисод ва савдо («Гиранда»), Бонки Олмонии Рушд (KFW) ва ширкати «Помир Энерҷӣ» («Иҷрокунандаи лоиҳа»)» баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур.
Дар маҷмӯъ дар доираи лоиҳаҳои мазкур 29,9 млн евро грант ҷалб карда шуд.
Аз ҷумла, дар доираи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ (2020) 12,5 млн евро барои маблағгузории лоиҳаи нави «Барномаи мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон марҳилаи VI» ҷудо гардидааст, ки он барои сохтмони беморхонаи нави зидди бемории сил дар вилояти Хатлон (шаҳри Кӯлоб) ба маблағи 11 млн евро ва барои ба охир расонидани сохтмон ва таҷҳизонидани беморхонаи бачагонаи касалии сил дар Мачитон (шаҳри Ваҳдат) 1,5 млн евро равона мегардад.
Ҳамзамон Шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант ва татбиқи лоиҳа миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Олмонии Рушд (KFW) ва ширкати «Помир Энерҷӣ» ба маблағи 17,4 млн евро барои сохтмони НБО-и «Себзор» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешавад.
Шартномаи мазкур дар асоси Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017-2019, ки аллакай аз расмиёти дохилидавлатӣ гузаштааст, ҳамчун шартномаи маблағгузории иловагӣ ба имзо расид.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо








Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид






