Миёни Тоҷикистон ва Туркия робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ тақвият меёбанд
ДУШАНБЕ, 19.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои ҷалби сармоя ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ бо шарикони рушд ба Туркия сафар намуд ва дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия ҳайатро волии Анталия Эрсин Язичӣ ба ҳузур пазируфт, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Зимни суҳбат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз густариши робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия изҳори хушнудӣ намуда, гуфт, ки бо сиёсати роҳбарони олии ду кишвар- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган мамлакатҳо муносибатҳои хуби дӯстона доранд.
Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба вазъи иқтисодии вилояти Суғд, имконияти мавҷуда ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фазои сармоягузорӣ маълумот дода, хостори тақвияти робитаҳо бо вилояти Анталияи Туркия гардид.
Эрсин Язичӣ меҳмононро ба шаҳри Анталия, ки аз минтақаҳои маъруфи сайёҳӣ дар олам аст, хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки «сафари намояндагони вилояти Суғди Тоҷикистони дӯсту бародар ба беҳтаршавии муносибатҳо мусоидат менамояд».
Волии Анталия ҳамзамон афзуд, ки Анталия аз муҳимтарин марказҳои сайёҳии Туркия аст ва он бо зебоиҳои таърихӣ ва табиӣ, иншооти фарҳангӣ, минтақаҳои бостонӣ дар маркази таваҷҷуҳи сайёҳон қарор дорад. Инчунин соҳаи кишоварзӣ низ дар ин минтақа рушд ёфта, маҳсулоти гуногуни хоҷагии қишлоқ дар Анталия истеҳсол мегардад.
Раиси вилояти Суғд иброз дошт, ки воқеан ҳам Анталия як шаҳри пешқадам дар бахши гардишгарӣ ва ҳам дар бунёди гармхонаҳои муосир аст ва дар ин самт ҷонибҳо метавонанд ҳамкории пурсамар дошта бошанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки масъулин ва доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд бо таҷрибаҳои пешқадам шинос шуда, барои татбиқи навовариҳо дар оянда талош меварзанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






