«МО БА ШУМО ЭҲТИРОМ ДОРЕМ!». Дар ноҳияи Рӯдакӣ ба иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ туҳфаҳои Пешвои миллат расонида шуданд
РӮДАКӢ, 07.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамеша ғамхорӣ намуда, корнамоию ҷоннисории онҳоро чӣ дар хатти пеши фронт ва чӣ дар ақибгоҳ қадршиносӣ менамояд. Дар доираи ин ғамхориҳо намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯҳрат Азиззода ба ноҳияи Рӯдакӣ рафта, иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Мухтор Заргаровро бо Рӯзи Ғалаба табрик намуда, аз номи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ кумаки моддӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ супорид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.
Дар маросими супоридани туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини раиси ноҳия Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Ҳабиба Мӯсоева, ҷавонону фаъолон ва пайвандони собиқадори ҷанг иштирок намуданд. Ҳамзамон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба Мухтор Заргаров ва се нафар заҳматкашони ақибгоҳ туҳфаи молӣ тақдим гардид.
Мухтор Заргаров дар ин маросим иброз намуд, ки «ҷавонони ҷумҳурӣ бояд шукронаи осудагию тинҷӣ ва сулҳу субот намуда, зери сиёсати Сарвари давлат Ватан-модарро ҳамеша аз душман ҳифз намоянд. Ман шукрона менамоям, ки имрӯз бар ивази он ҳама азобу машаққате, ки барои ҳифзи Ватану модар дар давраҳои ҷанги фашистӣ кашидем, ҳамасола аз ғамхорию қадрдониҳои Сарвари давлат баҳравар мешавем ва аз аҳволи мо ҳамеша бохабар ҳастанд».
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






