Нақшаи рушди устувори сайёҳӣ ба идоракунии туризм аз рӯи захираҳои табиӣ ва фарҳангӣ мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 02.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Нақшаи рушди устувори сайёҳии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2022-2030 дар ҳамоише, ки дар Душанбе бо иштироки намояндагони масъули вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, бахши хусусӣ ва донорҳо доир гардид, баррасӣ шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла бунёди инфрасохтори соҳа ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият дода шуда, ҷалби маблағҳои грантӣ аз Бонки Осиёии Рушд ба маблағи 10 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи Лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ» роҳандозӣ гардид.
Маблағи ҷалбгардидаи лоиҳаи мазкур ба омӯзиши инрфасохтори соҳаи сайёҳӣ, омодасозии асосноккунии техникию иқтисодӣ барои лоиҳаҳои афзалиятнок, мукаммал намудани омори соҳаи сайёҳӣ, муайян намудани низоми омори сайёҳони дохилию хориҷӣ, хароҷоти дақиқи сайёҳони дохилию хориҷӣ дар дохили кишвар, саҳми туризм дар ММД ва сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шудааст.
Ба лоиҳа 13 нафар мутахассисони Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҷалб гардиданд. Ҳамчунин 4 нафар мушовири маҳаллӣ ва ду ташкилоти ҷамъиятӣ барои гузаронидани тадқиқот (сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ) –«Фонди паст намудани сатҳи камбизоатӣ» барои гузаронидани тадқиқоти сайёҳии дохилӣ ва Маркази таҳлилии «Наво» барои тадқиқоти сайёҳони байналмилалӣ масъул мебошанд.


Мутахассисони соҳа барои таҳияи Нақшаи рушди устувори сайёҳии Тоҷикистон ва Низоми ёридиҳандаи омори сайёҳӣ TSA (Tourism Satellite Account) муваззаф гардиданд.
Дар ин давра Нақшаи рушди устувори сайёҳии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2022-2030 аз ҷониби коршиносони СУС таҳия гардид, ки панҷ самти асосии фаъолиятро барои табдил додани бахш аз мавқеи кунунии худ ҳамчун муҳаррики дараҷаи дуюми иқтисодӣ ба қувваи асосии пешбарандаи рушди иқтисодӣ, эҷоди шуғл ва ҷалби сармоягузорӣ муайян менамояд. Ин самтҳо таҷдиди сохтори Кумитаи рушди сайёҳӣ, ҳалли масъалаҳои омори сайёҳӣ, қабули стратегияи мутамаркази маркетинг ва брендинг, баланд бардоштани малакаҳои бахши сайёҳӣ ва беҳтар намудани маҳсулоти сайёҳӣ мебошанд.
Ҳадафи бевоситаи нақша- таҳияи чаҳорчӯби умумии сиёсат барои рушди устувор ва идоракунии соҳаи сайёҳӣ аз рӯи захираҳои табиӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки дар шакли Нақшаи дарозмуддати рушди устувори сайёҳӣ барои солҳои 2022-2030 пешниҳод шудааст.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон








Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?






