«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ИЛМУ МАОРИФИ КИШВАР». Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Май 23, 2022 14:53

ДУШАНБЕ, 23.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Нақши ҷавонон дар рушди илму маорифи кишвар»- таҳти чунин унвон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир гардид, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар он Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, муовини якуми Вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини Вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ иброз дошт, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустмарҳилаи фаъолияти худ маорифро дар сиёсати давлатӣ соҳаи афзалиятнок ва меҳварӣ эълон намуда, ба ислоҳоти куллии ин соҳаи тақдирсози миллат асос гузоштанд.

Маҳсули ин ислоҳот буд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат бо афзудани ҳаҷми маблағгузории соҳа ва боло рафтани музди маоши омӯзгорон, дастгириҳои давлатӣ аз ин қишри муҳими ҷомеа, аз ҷумла таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар риштаи илм (соли 1998), Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (соли 2006), Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (соли 2020), пешниҳоди имтиёзҳо, додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба омӯзгорони ҷавон ва амсоли ин дар баробари болоравии сатҳу сифати таълим ва низомҳои пешқадами мактабу маориф ҷорӣ гардиданд. Дар канори ин, стипендияҳои номии президентӣ барои аспирантон ва олимони ҷавон, квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва ҷалби духтарону писарони деҳот ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шуд».


Раҳим Саидзода илова намуд, ки «Вазорати маориф ва илм барои ба роҳ мондани ташаббусҳои навин ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҳамин аст, ки аз ҷониби вазорат ҳамасола озмунҳои «Грантҳои хурд ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Навовари беҳтарин» ва «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» бо иштироки теъдоди зиёди донишҷӯён баргузор карда мешаванд. Мақсади баргузории озмунҳои мазкур- дарёфти чеҳраҳои тоза дар бахшҳои илму маориф, ихтироъкориву навоварӣ мебошад. Эълони солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» имконият дода истодааст, ки ҷалби таваҷҷуҳи хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои мазкур, эҷоди кашфиёту навовариҳо ва дар ин замина расидан ба ҳадафҳои бузурги давлатӣ- эълони солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат вусъати бештар касб намояд».

Намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба саҳми Пешвои миллат дар пойдории давлатдорӣ ва дастгирии ҷавонон ибрози андеша намуда, ҳамзамон даъват ба амал овард, ки ҷавонон бояд дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳми шоиста гузоранд.

Дар охири ҳамоиш як гурӯҳ омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома» сарфароз гардонида шуданд.

АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 23, 2022 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Федератсияи Русия тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ду маркази таълимии инноватсионӣ – рақамии бонкӣ ифтитоҳ гардид
Имсол қисми дуюми бинои муассисаи таълимии №8-и шаҳри Хоруғ ба истифода дода мешавад
Хонандагони муассисаҳои таълимии Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» ғолиб омаданд
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ олимпиадаи забони русӣ доир гардид
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Академияи сайёҳии Донишгоҳи Бредаи Нидерланд Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе доир ба мавзуи таъсири муҳити оилаи солим ба тарбияи кӯдак конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Гимназияи №74-и шаҳри Душанбе ғолиби озмуни «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» гардид
Пагоҳ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон машғулияти таълимӣ ба анҷом мерасад
Бори аввал дар Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявии «Омӯзгори навовар» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ҷаҳонбинии нави иттилоотӣ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Тибқи он даври сеюми қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ оғоз гардид