Намояндагони ҲХДТ аз Отряди Қӯшунҳои сарҳадиву Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Панҷакент боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 19.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Давоми давраи бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ ва муовинони раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода ва гурӯҳе аз шунавандагони он аз Отряди сарҳадии Панҷакент боздид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ иттилоъ доданд.
Зикр шуд, ки қӯшунҳои сарҳадӣ на танҳо барои ҳимояи истиқлоли давлатӣ, пойдории давлатдории миллӣ, ҳимояи марзҳои кишвар ва амнияти ҷомеа саҳми басо арзишманд мегузоранд, балки нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷиконанд.
Аснои боздид маълум гардид, ки барои хизмат имрӯз тамоми имконоти зарурӣ фароҳам оварда шуда, ҷавонон бояд бо дасту дили гарм ва нияти пок дар ҳифзи Ватани хеш омода бошанд. Ҳудуди қисми низомӣ сафолакпӯш гардида, саҳни он бо гулҳои ороишиву дарахтони мевадиҳанда оро ёфтааст. Барои машқу тамрини сарбозон шароити зарурӣ фароҳам буда, бо истифода аз майдони назди бино онҳо ба намудҳои гуногуни варзиш мунтазам машғул мегарданд.
Меҳмонони давраи бозомӯзии ҳизбӣ дар назди ҳайати шахсӣ оид ба комёбиву дастовардҳои беназири истиқлоли давлатӣ, таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, вазъи имрӯзаи сарҳади давлатӣ ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо суҳбати самимӣ ва озодона намуданд.
Гуфта шуд, ки волотарин меъёри ватандориву ватандӯстӣ расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол – ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он мебошад. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар симои ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони фидокори Ватани маҳбуби худро мебинанд. Меҳмонон аз шароити хизмативу маишӣ, таълимӣ ва пойгоҳҳои моддиву техникии афсарону сарбозон дидан карданд.
Сарбозони ин қисми низомӣ, ки аз тамоми гӯшаю канони мамлакат намояндагӣ мекарданд, бо ифтихори баланди ватандорӣ ва ҷасорату мардонагӣ омодагии худро барои ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, ҳифзи амнияти миллӣ ва суботу оромии ҷомеа изҳор намуданд.
Дар охир ба ҳайати шахсии қисми низомӣ аз номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон туҳфаи хотиравӣ ва телевизор тақдим гардид.
Ҳамзамон гурӯҳи калони иштирокчиён бо роҳбарии муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ, муовинони Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода ва раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода аз Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Панҷакент боздид намуданд.
Зимни шиносоӣ бо шароити маишӣ таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиронсолону барҷомондагон ва маъюбону мӯҳтоҷонро намегузоранд ҳаргиз хору зор шаванд ва дар ҳаёт худро бепарастор, бепушту паноҳ ва беҳимоя эҳсос намоянд.
«Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои инсонпарвари миллат, Раиси муаззам ва шоистаи ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шуморо саробонӣ мекунанд», — гуфт Абдуҷаббор Азизӣ.
Бузургони мо ба ятимону маъюбон ва эҳтиёҷмандону оилаҳои камбизоат кумак кардан ва шод намудани дили онҳоро аз ҷумлаи амалҳои хайру савоб донистаанд. Ин амалҳо, хосса дастгирии ятимону барҷомондагон ва маъюбону пиронсолон, ки қарзи шаҳрвандиву рисолати инсонии ҳар фарди бонангу номус ва саховатпешаву савобҷӯй аст, аз мадди назари роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дур намемонад.
Дар поёни боздид ба хона-интернат аз номи роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ, телевизор ва маводи ғизоӣ тақдим гардида, суҳбати гарму самимӣ сурат гирифт.
АКС: Маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






