Намояндагони ҲХДТ аз Отряди Қӯшунҳои сарҳадиву Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Панҷакент боздид намуданд

Май 19, 2022 10:01

ДУШАНБЕ, 19.05.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Давоми давраи бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ ва муовинони раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода ва гурӯҳе аз шунавандагони он аз Отряди сарҳадии Панҷакент боздид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ иттилоъ доданд.

Зикр шуд, ки қӯшунҳои сарҳадӣ на танҳо барои ҳимояи истиқлоли давлатӣ, пойдории давлатдории миллӣ, ҳимояи марзҳои кишвар ва амнияти ҷомеа саҳми басо арзишманд мегузоранд, балки нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷиконанд.

Аснои боздид маълум гардид, ки барои хизмат имрӯз тамоми имконоти зарурӣ фароҳам оварда шуда, ҷавонон бояд бо дасту дили гарм ва нияти пок дар ҳифзи Ватани хеш омода бошанд. Ҳудуди қисми низомӣ сафолакпӯш гардида, саҳни он бо гулҳои ороишиву дарахтони мевадиҳанда оро ёфтааст. Барои машқу тамрини сарбозон шароити зарурӣ фароҳам буда, бо истифода аз майдони назди бино онҳо ба намудҳои гуногуни варзиш мунтазам машғул мегарданд.

Меҳмонони давраи бозомӯзии ҳизбӣ дар назди ҳайати шахсӣ оид ба комёбиву дастовардҳои беназири истиқлоли давлатӣ, таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, вазъи имрӯзаи сарҳади давлатӣ ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо суҳбати самимӣ ва озодона намуданд.

Гуфта шуд, ки волотарин меъёри ватандориву ватандӯстӣ расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол – ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он мебошад. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар симои ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони фидокори Ватани маҳбуби худро мебинанд. Меҳмонон аз шароити хизмативу маишӣ, таълимӣ ва пойгоҳҳои моддиву техникии афсарону сарбозон дидан карданд.

Сарбозони ин қисми низомӣ, ки аз тамоми гӯшаю канони мамлакат намояндагӣ мекарданд, бо ифтихори баланди ватандорӣ ва ҷасорату мардонагӣ омодагии худро барои ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, ҳифзи амнияти миллӣ ва суботу оромии ҷомеа изҳор намуданд.

Дар охир ба ҳайати шахсии қисми низомӣ аз номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон туҳфаи хотиравӣ ва телевизор тақдим гардид.

Ҳамзамон  гурӯҳи калони иштирокчиён бо роҳбарии муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ, муовинони Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода ва раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода аз Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Панҷакент боздид намуданд.

Зимни шиносоӣ бо шароити маишӣ таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиронсолону барҷомондагон ва маъюбону мӯҳтоҷонро намегузоранд ҳаргиз хору зор шаванд ва дар ҳаёт худро бепарастор, бепушту паноҳ ва беҳимоя эҳсос намоянд.

«Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои инсонпарвари миллат, Раиси муаззам ва шоистаи ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шуморо саробонӣ мекунанд», — гуфт Абдуҷаббор Азизӣ.

Бузургони мо ба ятимону маъюбон ва эҳтиёҷмандону оилаҳои камбизоат кумак кардан ва шод намудани дили онҳоро аз ҷумлаи амалҳои хайру савоб донистаанд. Ин амалҳо, хосса дастгирии ятимону барҷомондагон ва маъюбону пиронсолон, ки қарзи шаҳрвандиву рисолати инсонии ҳар фарди бонангу номус ва саховатпешаву савобҷӯй аст, аз мадди назари роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дур намемонад.

Дар поёни боздид ба хона-интернат аз номи роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ, телевизор ва маводи ғизоӣ тақдим гардида, суҳбати гарму самимӣ сурат гирифт.

АКС: Маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Май 19, 2022 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

МОҲИ ИЮЛ ТОҶИКИСТОНИЁНРО ЧӢ ГУНА ҲАВО ИНТИЗОР АСТ? Ба ин суоли АМИТ «Ховар» муовини Директори Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева посух дод
ЭҲТИЁТ ШАВЕД, «ЧИЛЛА»-И ТОБИСТОН! Дар Тоҷикистон ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво то ба 45 дараҷа мерасад
Дар ноҳияи Кӯшониён пули дарозиаш 85-метра ба истифода дода шуд
Корҳои кашидани хатти оби нушокӣ аз деҳаи Калтачинор ба маркази ноҳияи Балҷувон оғоз гардиданд
Ба Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор воя ваксинаи намуди «Pfizer» ворид карда шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи коршиносони байналмилалӣ дар Истанбул иштирок намуд
«МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Назаре ба кори Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ
Шабнам Раҳимзода, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш: «Ваҳдати миллӣ табассуми гумшудаи модари тоҷикро дубора баргардонд»
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ: «Аз заиф будани ваҳдати миллӣ дар Афғонистон зиёда аз чор даҳсола аст, ки онҳо ба сулҳу субот намерасанд»
АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ ХАБАР МЕДИҲАД: Аз 27 то 30 июн дар Тоҷикистон ҳарорати рӯзонаи ҳаво баланд мешавад
Дар шаҳри Гулистон таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – меъмори давлати миллии тоҷикон» конференсия доир шуд
«Ба қадри сулҳу оромии Тоҷикистон бирасем!»,- бардошт аз конференсия дар Кумитаи забон ва истилоҳот