Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод шинос шуд

Май 25, 2022 17:54

ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи мазкур фарогири ду марҳила буда, дарозии умумии роҳ беш аз 75 километрро ташкил медиҳад.

Айни замон мутахассисон бо истифодаи техникаву механизми муосири соҳавӣ ба кор машғул буда, талош доранд, ки иншоотро дар муҳлати пешбинишуда мутобиқ ба талаботи замон сохта ба истифода диҳанд.

Марҳилаи якуми роҳи автомобигарди Роғун-Обигарм-Нуробод беш аз 30 километрро фаро гирифта, аз қитъаи Обигарм то Тагикамарро ташкил медиҳад.

Хокканӣ, пармакунӣ, сохтмони ҷуйборҳои бетонӣ, деворҳои ҳимоявӣ, васлу насби арматура ва дар маҷмуъ корҳои сохтмону навсозӣ тибқи нақша анҷом дода мешаванд.

Дар қитъаи мазкур, тибқи лоиҳа, сохтмони 5 пул бо дарозии 387 метр, таҷдиди як пули 93-метра, такядеворҳои оҳану бетонӣ ба дарозии 2938 метр, деворҳои ҳимоявии бетону сангӣ дарозиашон 1986 метр, 73 қубури обгузар ба дарозии 3300 метр ба нақша гирифта шудааст.


Ҳамчунин дар ин масир бунёди ду нақб, аз ҷумла Қарағоч ба дарозии 1701 метр ва Кандак бо дарозии 1610 метр ҷараён дорад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода асноӣ шиносоӣ бо ҷараёни корҳои нақбканӣ аз сохтмончиён талаб намуд, ки ба лоиҳа ва корҳои нақбканӣ таваҷҷуҳи хос равона созанд, зеро нақб дар минтақаи баландкӯҳ бунёд шуда, обу ҳаво ва иқлими ин минтақаи куҳсори Тоҷикистон сербориш мебошад.

Роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳнои стандартии он ба 12-15 метр ва канораҳои ду тараф ба 2,5 метр баробар мегарданд.

Қисмати роҳи мошингард бошад аз 7 то 10 метрро ташкил намуда, дар маҷмуъ роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Айни замон дар марҳилаи якуми сохтмону навсозии роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод 417 нафар мутахассиси дохилию хориҷӣ бо ҷалби 110 техникаву механизми роҳсозӣ дар 41 нуқта ба таври густурда фаъолият доранд. Аз шумораи умумии кормандон 311 нафарашонро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Баҳри вусъат бахшидани корҳои сохтмону навсозӣ ва дар муҳлати пешбинишуда ба истифода супоридани иншоот барои кормандон ва мутахасисони дохилию хориҷӣ, ки дар татбиқи ин лоиҳа фаъолият менамоянд, шароити мусоиди корӣ фароҳам буда, бо сару либос, хӯрок ва ҷойи хоб таъмин карда мешаванд.


Татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ табдил ёфта, ба бандарҳои ҷаҳонӣ пайваст шавад.

Лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқ карда шуда, ҳаммоҳангсози лоиҳа Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо мебошад.

Роҳи мазкур дар қисмати шарқии Тоҷикистон ҷойгир буда, пойтахти мамлакатро бо ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш пайваст менамояд ва яке аз дарвозаҳои асосӣ барои пайваст намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ маҳсуб мешавад.

Мутобиқи талаботи замон сохта, мавриди истифода қарор додани роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод ба таъмин намудани бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин сарфа намудани вақт ва сузишворӣ, интиқоли молҳои мавриди ниёзи мардум дар ҳама фаслҳои сол ва, дар маҷмуъ, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум замина мегузорад.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмону навсозии роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод ва мулоқот бо мутахассисони дохилию шарикони рушд таъкид намуд, ки минтақае, ки роҳ бунёд карда мешавад, куҳсор буда, дар мавсими боришоту сардӣ имкони бо суръат ҷараён додани корҳои сохтмонӣ имконнопазир аст. Вобаста ба ин масъулон барои дар якҷоягӣ боз ҳам тақвият бахшидани корҳои сохтмону навсозӣ ва ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ мондани фаъолияти кормандон вазифадор гаштанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 25, 2022 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд