ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 10-16 май бориши боронҳои шадид дар назар аст
ДУШАНБЕ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 10 то 16 май дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид ва бориши боронҳои пуршиддат, шамоли сахт, жола, раъду барқ дар назар дошта шудааст. Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба таъсири ҳавои номусоид дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии ВМКБ сатҳи об дар рӯдхонаҳо метавонад якбора боло рафта, хатари селҳои харобиовар, лағзиши тарма, ярч ва резиши сангро ба вуҷуд оварад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба кумитаи мазкур.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки тадбирҳои бехатарӣ андешида, муваққатан аз ҷамъоварии ҳезуму алафҳои дорувор, занбурӯғҳо, чорвочаронӣ, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.
Ҳавои номусоид кор дар чарогоҳҳоро мушкил мекунад, аз ин рӯ дар ин рӯзҳо бояд хеле эҳтиёткор буд. Хуб мешуд чорвои хонагиро як муддат ба саҳро набаранд.
Кумита тавсия медиҳад, ки ҳангоми раъду барқ аз зери симчӯбҳо ва хатҳои интиқоли неруи барқ дур бошед, хуб мешуд дар ин лаҳзаҳо аз телефон ва таҷҳизоти барқӣ истифода накунед.
Ронандагони мошинҳо ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд ва суръати ҳаракатро боло набаранд.
Кумита чун ҳамеша аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки қабл аз оғози боронҳо ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу партовҳо, сангу рег тоза кунанд.
АКС: КҲФ ва МГ








Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид






