ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «HIPPO». Хонандаи Литсейи давлатии ноҳияи Восеъ Азиза Назриева соҳиби медали нуқра гардид
ДУШАНБЕ, 28.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 4-и Литсейи давлатии ноҳияи Восеъ Азиза Назриева дар Олимпиадаи байналмилалии «HIPPO» (Италия) сазовори ҷои 2-юм ва медали нуқра гардид.
Тавре омӯзгори Азиза Назриева Ҷамолиддин Фаттоев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, Hippo олимпиадаи байналмилалии забони англисӣ буда, дар он хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва ҷавонони то 18-сола иштирок мекунанд.
Ду даври аввали олимпиада ба таври онлайн гузаронида шуда, иштирокчиёне, ки ба финал гузаштаанд, дар даври сеюм- ниҳоии Олимпиада ба Италия даъват карда мешаванд. Дар он ҷо созмондиҳандагони олимпиада бо хӯрок ва хобгоҳ таъмин мегарданд.
«Иштирок дар олимпиада- имкони санҷиши дониши худ дар сатҳи байналмилалӣ, инчунин гирифтани таҷрибаи фаромӯшнашавандаи муошират бо донишҷӯёни кишварҳои дигар мебошад. Шогирди ман дар ду давра миёни 1400 нафар хонандагони мамлакат иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид», -афзуд мавсуф.
Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус англисӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд. Аз ҷумла, соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида буд, ки дар асоси он се маротиба барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд. Охирин Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 қабул гардида, татбиқи он барои давраи то соли 2030 пешбинӣ шудааст.
Инчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ бори дигар ба зарурати такмили таълими забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, русӣ ва англисӣ дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
«Чаро ман ба ин ду забон ишора мекунам? Азбаски аз шаш забони СММ, ки ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътироф шудаанд, ду забон — русӣ ва англисӣ мебошанд. <…> Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд. Умуман, зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад», — гуфтанд Пешвои миллат дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки ба воситаи тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва радиои давлатӣ мустақиман пахш гардид.
Сарвари давлат илова намуданд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ низ бояд ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии омӯзгорон дар тамоми зинаҳои маориф аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Президенти мамлакат даъват карданд, ки ба такмили ихтисос ва таълими омӯзгорони ҷавоне, ки маҳорати касбиашон ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад, таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.
АКС: Литсейи давлатии ноҳияи Восеъ








Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор кӯдакон ба синфи якум рафтанд
Аз 1 сентябр донишҷӯёни тоҷик дар Русия метавонанд ҷойи зисти худро тавассути барномаи мобилии «Амина» ба қайд гиранд
Президенти Тоҷикистон: «Падару модарон ба тарбияи фарзандон бояд бо масъулияти баланд муносибат намоянд»






