ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «HIPPO». Хонандаи Литсейи давлатии ноҳияи Восеъ Азиза Назриева соҳиби медали нуқра гардид

Май 28, 2022 10:21

ДУШАНБЕ, 28.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 4-и Литсейи давлатии ноҳияи Восеъ Азиза Назриева дар Олимпиадаи байналмилалии  «HIPPO» (Италия) сазовори ҷои 2-юм ва медали нуқра гардид.

Тавре омӯзгори Азиза Назриева Ҷамолиддин Фаттоев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, Hippo олимпиадаи байналмилалии забони англисӣ буда, дар он хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва ҷавонони то 18-сола иштирок мекунанд.

Ду даври аввали олимпиада ба таври онлайн гузаронида шуда, иштирокчиёне, ки ба финал гузаштаанд, дар даври сеюм- ниҳоии Олимпиада ба Италия даъват карда мешаванд. Дар он ҷо созмондиҳандагони олимпиада бо хӯрок ва хобгоҳ таъмин мегарданд.

«Иштирок дар олимпиада-  имкони санҷиши дониши худ дар сатҳи байналмилалӣ, инчунин гирифтани таҷрибаи фаромӯшнашавандаи муошират бо донишҷӯёни кишварҳои дигар мебошад. Шогирди ман дар ду давра миёни 1400 нафар хонандагони мамлакат иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид», -афзуд мавсуф.

Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус англисӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд. Аз ҷумла, соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида буд, ки дар асоси он се маротиба барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд. Охирин Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 қабул гардида, татбиқи он барои давраи то соли 2030 пешбинӣ шудааст.

Инчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ бори дигар ба зарурати такмили таълими забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, русӣ ва англисӣ дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

«Чаро ман ба ин ду забон ишора мекунам? Азбаски аз шаш забони СММ, ки ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътироф шудаанд, ду забон — русӣ ва англисӣ мебошанд. <…> Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд. Умуман, зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад», — гуфтанд Пешвои миллат дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки ба воситаи тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва радиои давлатӣ мустақиман пахш гардид.

Сарвари давлат илова намуданд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ низ бояд ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии омӯзгорон дар тамоми зинаҳои маориф аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Президенти мамлакат даъват карданд, ки ба такмили ихтисос ва таълими омӯзгорони ҷавоне, ки маҳорати касбиашон ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад, таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

АКС: Литсейи давлатии ноҳияи Восеъ

Май 28, 2022 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид