«ПАЙКАРИ МИЛЛАТ». Таҳти ин ном дар Театри академии драмавии ба номи Лоҳутӣ намоишномаи нав рӯи саҳна омад
ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе барои фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон спектакли нави «Пайкари миллат» намоиш дода шуд.
Намоишномаи мазкур аз рӯйи асари Ҳунарпешаи халқиии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов, аз ҷониби коргардон Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев дар ҳаҷми 70 дақиқа ба саҳна гузошта шудааст.
Намоишномаи мазкур марҳилаҳои таърихии давлатдории халқи тоҷикро аз Куруши Кабир то Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва лаҳзаҳои хусусияти тарбиявидоштаро барои баланд намудани ҳисси худшиносии миллии тамошибинон дарбар мегирад.
Намоишнома, ки мавзуи забонро ба унвони муҳимтарин асл ва нишони будани миллат матраҳ мекунад, бо илҳом аз китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигошта шудааст.
Тамошобин тӯли як соат дар саҳна бо пиндору гуфтору рафтори бузургони миллат Исмоили Сомонӣ, Зардушт, Имом Абуҳанифа (Ибодуллоҳи Машраб), Балъамӣ, Мисрӣ, Бобоҷон Ғафуров (Ортиқи Қодир), Рўдакӣ, Хусрави Парвиз (Фирўз Умаров), Ҷайҳонӣ, Яҳудӣ, Аъробӣ (Исфандиёр Ғуломов), Байҳақӣ, Халифаи Бағдод (Қурбони Собир), Пешвои миллат, Куруши бузург (Абдукарим Машрабов), Садриддини Айнӣ (Давлаталӣ Убайдуллозода) рӯ ба рӯ мешавад.


Мусиқии спектаклро оҳангсоз Далер Тилоев сохтааст, ки он бо забони хос мавзуи намоиш, бархўрди марҳалаҳои таърихӣ ва дар маҷмуъ, паёми аслии асарро ба мухотаб мерасонад ва ба шинохту огоҳие, ки тамошобин аз дигар бахшҳо меандўзад, меафзояд.
«Намоиши “Пайкари миллат” дар шароити ҷомеаи имрўзини башар ва авзои феълии ҷаҳон барои миллати тоҷик паёме хос дорад – аз айёми сарнавиштсози дигар ҳушдор медиҳад ва ба ин маънӣ, омўзгорест хирадманд», — навиштааст дар бораи ин асармуаллими калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Лола Ҳоҷибоева.
АКС аз манбаъҳои боз








Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд






