ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Гулистон як зумра корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд

Май 5, 2022 11:38

ДУШАНБЕ, 05.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистон бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми милливу стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, айни замон дар шаҳр бунёди як зумра корхонаҳои саноатӣ ҷараён доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Соҳибкорон бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлат корхонаҳои гуногун сохта, саҳми назарраси худро дар саноатикунонии мамлакат гузошта истодаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 3 май зимни сафари корӣ аз шаҳри Гулистон бо корҳои сохтмонӣ дар ҶДММ «Тиглан», ҶДММ «Мурғи бебаҳо», ҶДММ «Парандаи заррин» ва ҶДММ «Ганҷи сомон» шинос гардида, ба масъулин барои дар сатҳи зарурӣ ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ворид намудани таҷҳизоти лозимӣ супоришҳои мушаххас дод.

Боиси зикр аст, ки дар ҶДММ «Тиглан» истеҳсоли рангҳои гуногун барои сохтмон ва дар се корхонаи дигар истеҳсоли гӯшти парранда ба роҳ монда хоҳад шуд.


Раиси вилоят аснои боздид иброз дошт, ки бо бунёди чунин корхонаҳо доираи васеи аҳолӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, маҳсули ин корхонаҳо барои афзудани буҷаи мамлакат мусоидат менамояд.

Сипас роҳбари вилоят ба ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» рафта, бо ҷараёни истеҳсолот дар ин корхонаи азими саноатӣ шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур беш аз 60 сол инҷониб фаъолият дошта, бо истеҳсоли қолинҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл дар бозори дохил ва хориҷи мамлакат мавқеи хос дорад. Иқтидори истеҳсолӣ ва технологияи имрӯзаи корхона имкон медиҳад, ки ҳамаи дархости харидорон новобаста аз дизайн, коллексия ва ё ҳаҷм дар муддати кӯтоҳтарин иҷро карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолияти корхонаи азими саноатӣ, ки маҳсулоти он ба хориҷи кишвар низ содирот мешавад, баҳои баланд дода, барои тавсеаи фаъолият тавсияҳои муфид дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 5, 2022 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд