ПАРИЖ-2024: рақси варзишӣ ё брекданс бори аввал ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид гардид

Май 2, 2022 10:26

ДУШАНБЕ, 02.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқа оид ба рақси варзишӣ ё брекданс (World DanceSport Federation) бори аввал ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқаи рақси варзишӣ миёни мардон ва бонувон сурат мегирад.

Соли 2024 (26 июл – 11 август) дар Париж – пойтахти Фаронса XXXIII Бозиҳои Олимпиада баргузор мешавад.

Дар намуди рақси варзишӣ ҳамагӣ 32 варзишгар (16 нафар миёни мардон, 16 нафар миёни бонувон) иштирок мекунанд. Ҳар кумитаи миллии олимпӣ имкон дорад 4 роҳхат дарёфт кунад (дунафарӣ миёни мардҳо ва бонувон).

26 нафар тариқи роҳхати мустақим, 2 варзишгари кишвари мизбон ва 4 нафар тариқи квотаи универсалӣ ба Париж сафарбар мегарданд.

Роҳхатҳои мустақим (26 адад) тариқи мусобиқаҳои интихобии олимпӣ тақсим мешавад. Ғолибони Чемпионати ҷаҳон оид ба рақси варзишӣ (23-24 сентябри соли 2023) миёни мардҳо ва бонувон (2), ғолибони мусобиқаҳои қоравӣ миёни мардҳо ва бонувон (10) соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд. 14 нафари дигар (7 мард, 7 зан) дар силсилаи мусобиқаҳои интихобии олимпӣ дар давраи аз моҳи март то июни соли 2024 интихоб мегарданд.

Ба кишвари мизбон 2 квота ҷудо карда мешавад, ба шарте ки онҳо дар силсилаи мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ширкат кунанд ва дар 30-гонаи радабандии ҷаҳонӣ ҷой дошта бошанд.

4 ҷойи дигар тариқи квота аз ҷониби Комиссияи сеҷониба муайян мегардад.

Мусобиқаи рақси варзишӣ дар Бозиҳои олимпии Париж-2024

Қувваозмоӣ – 2

Мардон – 1

Бонувон – 1

Шумораи иштирокчиён

Мардон – 16

Бонувон — 16

Ҳамагӣ – 32

Синну сол – 16+

Тақсимоти ҷойҳо:

Роҳхати мустақим – 26

Квота аз ҷониби Комиссияи сеҷониба — 4

Квота барои кишвари мизбон – 2

Ҳамагӣ – 32

Мусобиқаҳои интихобӣ

25-26 сентябри соли 2023

Чемпионати ҷаҳон оид ба рақси варзишӣ. Белгия

Март-июни соли 2024

Силсилаи мусобиқаҳои интихобии олимпӣ

Мусобиқаҳои интихобии олимпии Осиё

АКС: КМО Тоҷикистон

Май 2, 2022 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилӣ
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн эълон гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Москва бо варзишгарони тоҷик, аз ҷумла варзишгарони параолимпӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Мадина Қурбонзода: «Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат тавонистам дар мусобиқоти сатҳи баланд Парчами давлатиро парафшон созам»
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Кӯлоб барномаи бошукуҳи варзишию фарҳангӣ доир шуд
Ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун беш аз 2600 медал ба даст оварданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шаҳринав Фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор гардид
Парчамбардорони тоҷик хотираи қаҳрамонони миллатро пос доштанд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шоҳмансур Фестивали варзишӣ баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футболро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Ню-Йорк ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид
Байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқа оид ба футболи хурд идома дорад