Рустами Эмомалӣ пешниҳод намуданд, ки қонунҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мукаммал карда шаванд
ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар нахустин ҷаласаи Форуми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ки дирӯз, 12 май дар Ашқобод баргузор гардид, қонунгузории навро пешниҳод карданд.
Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дар ин нишаст пешниҳод намуданд, ки ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия бо роҳи наздик кардани қонунгузории миллӣ бояд ба роҳ монда шавад.
Ба гуфтаи Рустами Эмомалӣ, ҳамкорӣ дар ин шакл ба рушду таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва башардӯстона ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони кишварҳои ширкаткунандаи форуми байнипарлумонӣ мусоидат менамоянд.
«Ба рӯзномаи ҳамкории мо метавонем таҷрибаи таҳияи қонунҳои намунавиро дохил намоем ва ҳамчунин барои ба ҳам наздикшавии қонунгузории миллии якдигар низ пешниҳодҳо намоем», — зикр намуданд Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавсуф ҳамчунин тазаккур доданд, ки имкон аст ба нақшаи рушд таҷрибае, ки дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ ҳосил шудааст, ворид гардад.
Дар ҷаласаи умумии форум роҳбарони парлумонҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат намуданд.
Ба гуфтаи коршиносон, ташкили муколамаи мустақими бисёрҷонибаи байнипарлумонӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар ин шакл барои густариши ҳамкорӣ хеле умедбахш аст.
Ёдовар мешавем, ки нахустин ҷаласаи Форуми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар мавзӯи «Ҳамкории байнипарлумонӣ-ҷузъи ҷудонашавандаи муносибатҳои байнидавлатӣ» бо ибтикори Раиси Халк Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов даъват гардида буд.
АКС: АМИТ«Ховар»








Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид






