«Сомон Эйр» парвозҳоро аз Душанбе ба фурудгоҳи Внуково оғоз менамояд

Май 14, 2022 09:11

ДУШАНБЕ, 14.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Душанбе ба фурудгоҳи Внуковои шаҳри Москва роҳандозӣ менамояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад.

Шурӯъ аз 16 май ҳамарӯза як парвоз (SZ 333-334) дар масири Душанбе-Москва ба фурудгоҳи Внуково ва як парвози дигар (SZ 201-202) аз Душанбе ба фурудгоҳи Домодедово анҷом дода мешавад. Қаблан рӯзе ду парвози хатсайри Душанбе – Москва ба Домодедово сурат мегирифт.

Тибқи ҷадвали парвозҳо, хатсайри SZ 333 аз Душанбе соати 08:00 ба вақти маҳаллӣ парвоз намуда, соати 10:25 ба вақти Москва дар Внуково фуруд меояд. Дар самти баргашт соати парвоз аз Внуково 11:45 ва фуруд дар Душанбе 17:35 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.

Вақти парвози хатсайри SZ 201-202 Душанбе – Москва (Домодедово) – Душанбе ҳамоно бетағйир боқӣ мемонад. Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 анҷом дода мешаванд. Маълумоти бештар ва чиптаҳои парвоз дар сомонаи ширкат, хазинаҳои чиптафурӯшӣ ва маркази маълумотдиҳиву чиптафурӯшии ширкат дастрас мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки мусофирони ба Федератсияи Русия сафаркунанда, ба истиснои шаҳрвандони Русия бояд шаҳодатномаи ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 48 соати пеш аз ворид шудан ба қаламрави Русия дода шудааст, пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон хотиррасон менамоем, ки аз 15.03.2022 вуруди мусофирон аз кишварҳои ИДМ ба қаламрави Тоҷикистон бо пешниҳоди гувоҳномаи ваксинатсия иҷозат дода шудааст. Дар ҳолати надоштани гувоҳномаи ваксинатсияи пурра ва ё қисман мусофирон бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки ба муҳлати 72 соат эътибор дорад, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 14, 2022 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд