ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 май, сешанбе, 137-умин рӯзи соли 2022 аст
17 майи соли 2010 дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Марокаш оид ба корҳои хориҷӣ ва ҳамкорӣ хонум Латифа Ахарбаш масоили густариши робитаҳои ду давлат баррасӣ шуданд.
***
17 майи соли 2010 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо Мудири кулли Созмони исломии илму фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) Абдулазиз ибни Усмон Ат-твайҷирӣ аз ҳамкории густурдаи ин созмон бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»-ро имзо намуданд.
17 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии алоқаи барқӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ.
***
Дар Нигерия- Рӯзи конститутсия.
***
Дар Куба Рӯзи ислоҳоти кишоварзӣ.
РӮЙДОДҲО:
17 майи соли 2010 вуруди ҳайатҳои иҷлосияи 37 -уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ ба пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе шурӯъ шуд.
***
12 сол пеш, 17 майи соли 2010 зимни мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Албания Илир Мета доир ба мавҷудияти имконоти фарохи ташкил ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникии ду кишвар гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
***
17 майи соли 2013 музокироти расмии сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Таиланд дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра сурат гирифт.
***
17 майи соли 2015 роҳбари Кумитаи иҷроияи шарқии иқтисодиёти Олмон, профессор Райнер Линднер барои иштирок дар форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Олмон, ки 18 майи ҳамон сол дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2016 Раиси вақти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санк-Петербурги Русия сафар кард.