ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 май, якшанбе, 142-юмин рӯзи соли 2022 аст

Май 22, 2022 08:00

22 майи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи овозадори Фахрободи ноҳияи Хуросон ташриф оварда, бо ҷараёни бунёди боғу токзори он аз наздик шинос шуданд. Тавре зикр гардид, мавзеи мазкур солҳои пешин дар ҷумҳурӣ бо иқтидори азими истеҳсолӣ ва фаъолияти намунавӣ машҳуру овозадор буд.

***

6 сол пеш, 22 майи соли 2016 дар саросари мамлакат маъракаи муҳими сиёсӣ — раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Подшоҳи ин мамлакат Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ва сарони як қатор давлатҳои дигар мулоқот намуданд.

22 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ.

***

Дар Яман иди миллӣ – Рӯзи ваҳдати миллӣ.

***

Дар Гаити Рӯзи истиқлол ва миннатдорӣ.

 РӮЙДОДҲО:

22 майи соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гертсогарии Бузурги Люксембург муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

***

22 майи соли 2009 дар арафаи таҷлили Соли бузургдошти Имоми Аъзам (р) дар шаҳри Ҳисор Маркази фарҳангию илмии ба номи Имоми Аъзам ба истифода дода шуд.

***

13 сол пеш, 22 майи соли 2009 дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бюрои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва фонди «Марҷон» намоиши СҲШ «Кӯдакон расм мекашанд» баргузор гардид.

***

22 майи соли  2014 дар шаҳри Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир, робитаҳои байнипарлумонии ду давлат, инчунин вазъияти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015  дар шаҳри  Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Россия, аз ҷумла робитаҳои байниминтақавии ду давлат баррасӣ шуданд.

***

82 сол муқаддам, 22 майи соил 1940 бо Қарори Прездиуми Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ медали тиллоии «Серп ва Молот» — нишони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ таъсис дода шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 2009  дар шаҳри Душанбе аввалин Форуми истеҳсолкунандагони Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

***

Соли 1846 дар Ню-Йорк бузургтарин Агентии иттилоотии байналмилалӣ Associated Press таъсис дода шуд.

Май 22, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, ҷумъа, 334-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, панҷшанбе, 333-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, чоршанбе, 332-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, сешанбе, 331-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, душанбе, 330-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, якшанбе, 329-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, шанбе, 328-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст