ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 май, шанбе, 148-умин рӯзи соли 2022 аст

Май 28, 2022 08:00

28 майи соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» қабул гардид.

***

9 сол қабл, 28 майи соли 2013 дар шаҳри Бишкек миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин доир ба роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, илму техника, маориф, фарҳанг ва густариши робитаҳо миёни минтақаҳои ду давлат гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа  7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

28 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон — Рӯзи сарҳадчиён.

***

Дар Эфиопия — Рӯзи суқути низоми ҳарбӣ.

***

Дар Озарбойҷон- Рӯзи ҷумҳурӣ.

РӮЙДОДҲО:

28 майи соли 2003 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»-ро қабул кард.

***

28 майи соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қоидаҳои ташкил ва низоми нигаҳдории ҳудудҳои таърихию фарҳангии махсус ҳифзшаванда»  тасдиқ гардид.

***

13 сол қабл, 28 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Тоҷикистон ва Туркия 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

28 майи соли 2012 дар Минск ҷаласаи шӯрои роҳбарони Агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  баргузор гардид.

***

8 сол пеш, 28 майи соли 2014 дар Баҳрайн Форуми истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Тоҷикистон ва Баҳрайн баргузор гардид.

***

28 майи соли 1993 Монако узви 182-юми СММ шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2009 Президенти вақти Туркия Абдулло Гул бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

***

Соли 1863  дар Бостон аввалин маротиба дар Америка полк ташкил карда шуд, ки он танҳо аз сарбозони сиёҳпӯст иборат буд.

Май 28, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш