«Tajikistan Fashion Week» тарроҳони шинохтаи ватанию хориҷиро дар Душанбе ҷамъ овард
ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Фасли ҳаштуми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон «Tajikistan Fashion Week» бо намоиши коллексияҳои нави яке аз тарроҳони шинохта ва муваффақи тоҷик Умед Кучкалиев, ки чакан ва нақшу нигори миллиро дар бар мегирад, шоми дирӯз дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дар маросими ботантана оғоз ёфт, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА.
Фасли ҳаштуми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон «Tajikistan Fashion Week» бо ибтикори иттиҳодияи эҷодии «T&Z» ва дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 гузаронида шуд.
Қабл аз маросими оғози «Tajikistan Fashion Week» сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Малика Ёрбобоева дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, ки фасли ҳаштуми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон ба пахтаи тоҷик ва матоъҳои сирф аз пахта истеҳсолшаванда бахшида мешавад.


Бо дахли аҳамияти баргузории Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон асосгузори «Tajikistan Fashion Week», мӯдшинос Тоҳир Иброҳимов гуфт, ки ҳадафи баргузории Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон «Tajikistan Fashion Week» рушди соҳаи мӯд ва маҳсули ҳунари тарроҳони ватанӣ, ташвиқу тарғиби матоъҳои пахтагин, муаррифии ҳарчи бештари имконоти ресандагию бофандагии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкорӣ миёни тарроҳони ватанию хориҷӣ мебошад. Мавсуф зикр кард, ки “афзалияти бештаре, ки имсол дар фасли ҳаштуми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон «Tajikistan Fashion Week» дида мешавад, ин ба маърази тамошо гузоштани коллексияҳои нави тарроҳони ватанию хориҷӣ мебошад, ки аз матоъҳои анъанавии пахтагӣ ва абрешимӣ омода гардидаанд”.

Дар «Tajikistan Fashion Week» дар радифи тарроҳони ватанӣ, инчунин тарроҳони кишварҳои хориҷӣ, назири Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Фаронса ва Марокаш, дар маҷмӯъ беш аз 20 нафар тарроҳон коллексияҳои нави худро пешкаши дӯстдорони олами мӯд менамоянд. Дар доираи «Tajikistan Fashion Week» ҳафт нафар тарроҳони шинохтаи тоҷик, ба мисли Умед Кучкалиев, Гугуш Ашӯрова, Сулҳия Ғуломова, Фария Саидова, Малика Ёрбобоева, Вайс Асоев ва ороишоти миллии бренди Гулнур низ ба намоиш гузошта мешаванд.


Ҳамзамон интизор меравад, ки дар «Tajikistan Fashion Week» ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, ки ба истеҳсоли либос ва пойафзол машғул буда, брендҳои онҳо хеле маъмул аст, назири «mimya»-и Туркия ва «LORIBLU»-и Италия, инчунин роҳбарону масъулини ҳафтаҳои мӯди кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар меҳмонону дӯстдорони олами мӯд иштирок намоянд.
Дар доираи Ҳафтаи мӯди «Tajikistan Fashion Week» миёни сад нафар тарроҳони ҷавон озмуни маҳорат гузаронида шуда, аз онҳо беш аз 30 нафар интихоб гардиданд, то дар рӯзи дуюми ҳафтаи мӯд коллексияву истеъдоду маҳорати зебоиофарии худро, ки аз матоъҳои пахтагӣ ва миллӣ-анъанавӣ дӯхта шудаанд, ба маъраз гузоранд. Фасли ҳаштуми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон ба омода намудан ва сайқал бахшидани кори тарроҳони ҷавони ватанӣ низ мусоидат менамояд.


Дар маҷмӯъ. баргузор намудани «Tajikistan Fashion Week» дар пойтахти кишвар на танҳо ба муаррифии коллексияҳои тарроҳони ватанию хориҷӣ, балки ба тақвияти ҳамкорӣ миёни онҳо, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ ва дар ин замина ҷалби бештари сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба мамлакати мо мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки «Tajikistan Fashion Week» шоми дирӯз оғоз ёфта, то 12 май идома меёбад.
АКС: АМИТ «Ховар»










Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд
Роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар ёдгории бостонии Сайёд шинос шуд
РИОЯИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон барои блогерон даври омӯзишӣ гузаронида мешавад
Аз ноҳияи Темурмалик ёдгориҳои нодири мансуб ба асри биринҷ ва давраи Кушониён бозёфт гардиданд
Китоби «Дар ҳавои Мавлоно»-и Раҳмоналӣ Мирализода рӯнамоӣ гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Дарвоз баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Балҷувон шукуҳманд таҷлил карда шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рашт баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Рашт, Балҷувон ва Дарвоз баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ховалинг бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Дар пойтахти мамлакат Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Лахшу Сангвор баргузор гардид






