ТАВАҶҶУҲ! 15 май ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе муваққатан манъ мегардад
ДУШАНБЕ, 13.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷӯҳи сокинону меҳмонони пойтахт мерасонад, ки 15 май аз соати 08:00 то 10:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз бурриши кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе манъ карда мешавад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 13 майи соли 2022 ба имзо расид.
Тавре дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, қатъ гардидани ҳаракати нақлиёт бо мақсади баргузор намудани Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон сурат гирифта, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ чораҳои мушаххаси мақсаднокро барои бехатарии ҳаракати шаҳрвандон роҳандозӣ намояд.
Инчунин шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи соҳаи нақлиёти шаҳрӣ ҷиҳати таъмини мунтазами ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум тавассути дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешад.
АКС: АМИТ «Ховар»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст






