Тоҷикистон ва Амрико вазъ дар Афғонистон, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро баррасӣ намуданд

Май 31, 2022 16:30

ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 31 май, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи вежаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон Томас Вэстро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Дар вохӯрӣ вазъ дар Афғонистон, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд»,- гуфта мешавад дар хабари ВКХ Тоҷикистон.

Ҷонибҳо зарурати густариши ҳамкорӣ барои таҳкими марзҳо ва  расонидани кумакҳои башардӯстонаро ба мардуми Афғонистон  зикр карданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 25 май дар шаҳри Душанбе даври нуҳуми машваратҳои солонаи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ Доналд Лу баргузор шуд.

Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, инчунин дар бахшҳои тандурустӣ, маориф ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин доир ба муқовимат бо таҳдиду чолишҳои муосир, ҳуқуқи инсон ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз табодули афкор сурат гирифт.

Акс: ВКХ ҶТ

Май 31, 2022 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд