Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд

Май 27, 2022 08:20

ДУШАНБЕ, 27.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкорӣ  дар бахши сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва иштироки фаъолонаи  намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии  «Riyadh Travel Fair» аз масъалаҳое буданд, ки дар мулоқоти муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода бо муовини Президенти Иттиҳоди палатаҳои Арабистони Саудӣ, Раиси Кумитаи миллии Арабистони Саудӣ оид ба сайёҳӣ  Ноиф Ал—Роҷиҳӣ ва муовини Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Аҳмад Оли Ҳасна дар шаҳри Риёз баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот Ҳабибулло Амирбекзода  оид ба зарфияти сайёҳии кишвар маълумот дода, зикр намуд, ки “Ҳукумати мамлакат барои таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар намудааст. Дар марҳилаи аввал барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ ва ташкили инфрасохтори зарурӣ заминаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд”.

Ҳамчунин ҳайати намояндагони соҳаи сайёҳии кишвар бо ҳамтоёни дигари худ аз Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуда, аз имконияти хизматрасонӣ дар самти сайёҳии ин кишвар дидан намуданд.

Сайёҳӣ ҳамчунин бахши собитшудаи ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ, соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойҳои нави корӣ, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ мебошад.

Созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Ҳукумати мамлакатро барои бахшидани солҳо (2018-2021) ба соҳаи сайёҳӣ ва пешбинӣ намудани имтиёзҳоро барои соҳа саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Бо мақсади кашфи бозорҳои нави сайёҳӣ ташкили гӯшаи ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, иштирок дар ҷаласаҳо ва ҳамоишҳои Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба сайёҳӣ, пахши маводи таблиғотӣ-иттилоотӣ, инфотурҳо дар хориҷи кишвар ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи сайёҳӣ дар кишварҳои аз лиҳози сайёҳӣ пешрафта баргузор гардида истодаанд.

Имрӯзҳо татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳа ба баланд бардоштани ҷолибияти маҳсулоти сайёҳии миллӣ таъсири мусбат расонида, ба таҳкими рақобатпазирии саноати сайёҳии кишвар замина мегузорад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Май 27, 2022 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад