Тоҷикистон ва Чин тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро баррасӣ намуданд

Май 30, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 30.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 май мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои амнияти берунӣ Чэн Гопин баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни нишаст масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардида, тарафҳо ба аҳамияти андешидани тадбирҳои муштарак барои рафъи пайомадҳои манфии ҳамагирии COVID-19, зарурати тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди  терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҷинояткории муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои амнияти берунӣ Чэн Гопин ҷиҳати иштирок дар даври 4-уми Муколамаи амнияти минтақавии мушвирон оид ба амнияти миллӣ/котибони шӯроҳои амният оид ба Афғонистон ба Душанбе омадааст.

Акс: ВКХ ҶТ

Май 30, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Низоми бидуни раводид байни Тоҷикистон ва Эрон пурра ба татбиқ расид
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд