Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор масоили муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар Қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, ки барои иштирок дар Форуми якуми байналмилалии бознигарии масъалаи муҳоҷират дар Ню-Йорк ҳузур дорад, бо Намояндаи вежаи Хазинаи байналмилалии асъор дар СММ Роберт Паувел мулоқот намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба масоили муҳоҷирати меҳнатӣ табодули афкор намуданд.
Ширин Амонзода дар вохӯрӣ оид ба аҳамияти сафарбар намудани захираҳои молиявӣ барои ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, рушди инфрасохтори бозори меҳнат ва таҳияи барномаҳо барои дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ибрози андеша кард.
Ҳамзамон вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо муовини вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирати Эквадор Силвия Эспиндола доир гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар баробари дигар мавзӯъҳои эҳтимоми муштарак инчунин оид ба масоили мубрами раванди муҳоҷират табодули назар карданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






