Тоҷикистон ва Украина дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

Май 13, 2022 10:26

ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 май дар Киев вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Сеник баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, ба таҳким ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин  робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ ва тавсеаи минбаъдаи заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати рушду тавсеаи муносибату ҳамкориҳои ду кишвари дӯст корҳои зиёд сурат гирифтанд ва натиҷаҳои соли сипаришуда мусбат арзёбӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки тайи 30 соли истиқлоли ду кишвар миёни Тоҷикистон ва Украина ҳудуди 90 санад дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расидааст.

Энергетика дар муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҷои намоёнро ишғол мекунад. Ҷонибҳо дар бунёди неругоҳҳои нав, таҷдид ва таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷудаи Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд. Корхонаҳо ва мутахассисони Украина дар сохтмони пешгоми энергетикаи Тоҷикистон — НБО-и Роғун фаъолона иштирок мекунанд.

Муносибатҳо дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ босуръат инкишоф меёбанд. Дар мактабҳои олии Украина аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба самти муҳандисию техникӣ кадрҳои баландихтисос омода карда мешаванд.

Тоҷикистон ва Украина дар доираи СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории фаъол доранд. Дар соли 2016 Украина дар қатори 177 кишвари узви СММ аз қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028”, ки бо ибтикори Тоҷикистон сурат гирифтааст, пуштибонӣ кард.

Акс: ВКХ ҶТ

Май 13, 2022 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ гардид
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон барои солҳои 2027-2030 қабул шуд
Дар Олмон зарфияти иқтисодию сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд
АЗ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТО ТАШАККУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар нишасти ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуд
Бо ташаббуси Тоҷикистон СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва пиряхҳо нақши пешсаф дорад»
Дар Миср ду китоб оид ба Тоҷикистон ба забони арабӣ ба нашр расид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Умон баргузор гардид