Тоҷикистон ва Украина дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 май дар Киев вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Сеник баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, ба таҳким ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ ва тавсеаи минбаъдаи заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати рушду тавсеаи муносибату ҳамкориҳои ду кишвари дӯст корҳои зиёд сурат гирифтанд ва натиҷаҳои соли сипаришуда мусбат арзёбӣ шуданд.
Қобили зикр аст, ки тайи 30 соли истиқлоли ду кишвар миёни Тоҷикистон ва Украина ҳудуди 90 санад дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расидааст.
Энергетика дар муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҷои намоёнро ишғол мекунад. Ҷонибҳо дар бунёди неругоҳҳои нав, таҷдид ва таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷудаи Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд. Корхонаҳо ва мутахассисони Украина дар сохтмони пешгоми энергетикаи Тоҷикистон — НБО-и Роғун фаъолона иштирок мекунанд.
Муносибатҳо дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ босуръат инкишоф меёбанд. Дар мактабҳои олии Украина аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба самти муҳандисию техникӣ кадрҳои баландихтисос омода карда мешаванд.
Тоҷикистон ва Украина дар доираи СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории фаъол доранд. Дар соли 2016 Украина дар қатори 177 кишвари узви СММ аз қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028”, ки бо ибтикори Тоҷикистон сурат гирифтааст, пуштибонӣ кард.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид






