Туҳфаҳои Пешвои миллат ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонии ноҳияи Шаҳринав расонида шуданд

Май 5, 2022 13:42

ШАҲРИНАВ, 05.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳринав ба муносибати ҷашни 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода ва раиси ноҳия Ҷаббор Носирзода ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Азиз Қодиров, Рашида Нургалиева ва Мирахмед Юнусов кумакпулӣ ва туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расониданд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Зимни расонидани табрикоти Пешвои миллат гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба нигоҳубин, парасторӣ ва ба ғамхорӣ фаро гирифтани собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҳалли масоили иҷтимоии онҳо мунтазам тадбирҳои судманд меандешад. Ғамхорӣ дар ҳаққи онҳое, ки ба хотири ҳимояи Ватан ва зиндагии осудаи наслҳои имрӯзу ояндаи халқамон фидокорию ҷонбозиҳо кардаанд, вазифаи инсонии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода гуфт, ки қаҳрамонию корномаҳои собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамеша қадрдонӣ гардида, ба он ҳамеша аз ҷониби насли наврас арҷ гузошта мешавад. Таъмини зиндагии шоистаи онҳо аз масоилест, ки доимо зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Иштирокчиёни ҷанги ноҳияи Шаҳринав барои чунин ғамхориҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуда, шукронаи Ватани орому осуда — Тоҷикистони соҳибистиқлол карданд ва баҳри боз ҳам пешрафти мамлакат дуои нек доданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Май 5, 2022 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд