Вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ дар ҳамоиши Созмони умумиҷаҳонии савдо иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дар кори ҳамоиши омӯзиши парлумонии серӯза, ки бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии савдо, Маркази тадқиқоти муносибатҳои бисёртарафа (МТМБ) ва Мактаби тадқиқоти байналмилалии Раҷаратнам (МТБР) ба таври реҷаи фосилавӣ баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар рӯзномаи ҳамоиш «Вазъи иқтисодиёти глобалӣ баъд аз COVID-19, тағйирёбии иқлим», «Назари кишварҳои минтақаи уқёнуси Ором оид ба иқтисодиёти ҷаҳон дар давраи баъд аз COVID-19 ва нақши тарафҳои манфиатдор дар он», «Ояндаи Созмони умумиҷаҳонии савдо дар тӯли дувоздаҳ моҳи наздик ва баъд аз он» баррасӣ гардид.
Мақсади ҳамоиш- баланд бардоштани имконият ва қобилияти қонунгузорони минтақавӣ дар ҳалли масъалаҳо вобаста ба савдои байналмилалӣ мебошад. Он дарки ҷуқури масъалаҳоро вобаста ба СУС, масъалаҳои баҳсталаби ҷорӣ ва баъдинаро вобаста ба савдои беруна дар бар мегирад.
Иштироки вакилони парламентҳо дар ин ҳамоиш аз манфиат холӣ намебошад, чунки дар самти фаъолияти қонунгузорӣ вакилон созишномаҳои байналмилалиро баррасӣ ва тасдиқ менамоянд, инчунин татбиқи ҳамаи созишномаҳои дар сатҳи байналмилалӣ ба имзорасидаро кафолат медиҳанд.
Азбаски ҳамоиши мазкур намояндагони тамоми минтақаро дар бар мегирад, он ҳамчунин ба иштирокчиён имкони мукотиба ва ҳамкорӣ намудан медиҳад. Дувоздаҳ сол мешавад, ки чунин ҳамоишҳо барои вакилони парламентҳои Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором баргузор мегарданд.
Аввалин чунин ҳамоиш моҳи июни соли 2009 баргузор гардида буд.
Акс: МН МО ҶТ








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






