Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар Конфронси 33-юми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Аврупо иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 13 май дар шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон бо ташаббуси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Мутаҳид (ФАО СММ) ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Лаҳистон Конфронси 33-юми минтақавии ФАО СММ барои Аврупо ҷараён мегирад, ки дар он аз Тоҷикистон Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода иштирок дорад.
Тавре аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар конфронси мазкур Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода дар мавзӯи «Роҳҳои аз нав ташкил намудани низоми агроозуқаворӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ» маърӯза менамояд.
Дар конфронси мазкур ҳайати расмии 53 мамлакати сайёра ва намояндагони 35 ташкилоти байналмилаливу минтақавӣ иштирок дошта, мутобиқи барномаи конфронс 10 масъала доир ба аз нав ташкил намудани низоми озуқаворӣ дар ҷаҳон баррасӣ мегарданд.
Дар маросими ифтитоҳи расмии конфронс директори генералии ФАО СММ, муовини сарвазир – Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Лаҳистон, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон, Комиссари Иттиҳоди Аврупо доир ба масъалаҳои кишоварзӣ ва Раиси шаҳри Лодз сухан гуфтанд.
АКС: Вазорати кишоварзии ҶТ








Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид






