Ёвари котиби давлатии ИМА ба Тоҷикистон меояд

Май 23, 2022 16:54

ДУШАНБЕ, 23.05.2022  /АМИТ «Ховар»/. Ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Лу ҳафтаи равон ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Департаменти давлатии ИМА хабар медиҳад.

Интизор меравад, ки Лу ҳайати Амрикоро роҳбарӣ намояд ва рӯзҳои 23-27 май аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон бо мақсади тақвият бахшидани равобит бо минтақа ва талошҳои муштарак барои эҳёи бештари Осиёи Марказии ҳамбаста, шукуфон ва амн боздид кунад.

Қарор аст дар Тоҷикистон ҳайати Амрико бо шахсони расмии баландпоя ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дидору гуфтугӯ карда, ироаи кумакҳои башардӯстона ва дигар пуштибонӣ ба гурезаҳои афғон, ҳуқуқи башар ва ташаббусҳои муштарак дар заминаи амнияти ғизоӣ ва нақши занон дар ҷомеаро баррасӣ намояд.

Ҳамчунин ёвари котиби давлатӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш дар Душанбе дар машваратҳои солонаи дуҷонибаи Амрико ва Тоҷикистон ҷиҳати рушди равобити иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар саҳоаи амният ширкат мекунанд.

Ба ҳайати Департаменти давлатии ИМА директори аршади Шӯрои амнияти миллӣ оид ба Русия ва Осиёи Марказӣ Эрик Грин, муовини ёвари вазири мудофиа оид ба Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Ребекка Тсиммерман, муовини ёвари мудири Бюрои осиёии Агентии рушди байналмилалӣ Анҷали Каур ва муовини роҳбари дастгоҳи Корпоратсияи молиявии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ Наз ал-Хатиб шомил мебошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 23, 2022 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд