Ёвари котиби давлатии ИМА ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Лу ҳафтаи равон ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Департаменти давлатии ИМА хабар медиҳад.
Интизор меравад, ки Лу ҳайати Амрикоро роҳбарӣ намояд ва рӯзҳои 23-27 май аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон бо мақсади тақвият бахшидани равобит бо минтақа ва талошҳои муштарак барои эҳёи бештари Осиёи Марказии ҳамбаста, шукуфон ва амн боздид кунад.
Қарор аст дар Тоҷикистон ҳайати Амрико бо шахсони расмии баландпоя ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дидору гуфтугӯ карда, ироаи кумакҳои башардӯстона ва дигар пуштибонӣ ба гурезаҳои афғон, ҳуқуқи башар ва ташаббусҳои муштарак дар заминаи амнияти ғизоӣ ва нақши занон дар ҷомеаро баррасӣ намояд.
Ҳамчунин ёвари котиби давлатӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш дар Душанбе дар машваратҳои солонаи дуҷонибаи Амрико ва Тоҷикистон ҷиҳати рушди равобити иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар саҳоаи амният ширкат мекунанд.
Ба ҳайати Департаменти давлатии ИМА директори аршади Шӯрои амнияти миллӣ оид ба Русия ва Осиёи Марказӣ Эрик Грин, муовини ёвари вазири мудофиа оид ба Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Ребекка Тсиммерман, муовини ёвари мудири Бюрои осиёии Агентии рушди байналмилалӣ Анҷали Каур ва муовини роҳбари дастгоҳи Корпоратсияи молиявии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ Наз ал-Хатиб шомил мебошанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






