15 нафар устодону омӯзгорони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон дар курсҳои бозомӯзии Узбекистон такмили ихтисос мекунанд

Июнь 13, 2022 09:07

ДУШАНБЕ, 13.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории вазоратҳои фарҳанги ҷумҳуриҳои Тоҷикистону  Узбекистон ва иҷрои  «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» 15 нафар устодону омӯзгорони соҳа аз муассисаҳои таълимии вазорат ҷиҳати такмили ихтисос дар курсҳои бозомӯзӣ, аз 1 июни соли 2022 ба Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон сафарбар гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Аз ҷараёни бозомӯзии устодону омӯзгорони тоҷик Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон Озодбек Назарбек дидан намуда, бо онҳо мулоқоту  суҳбатҳои  самимӣ баргузор намуд.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафт ва комёбиҳои назаррас дар соҳаи фарҳанг як зумра  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд. Аз ҷумла, қабули «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017 тасдиқ шудааст, барои фаъолияти самараноки соҳа, беҳтар кардани сифати баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ мусоидат мекунад.

Барномаи мазкур механизми амалишивии сиёсати давлатиро дар омода кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашр, бозомӯзии кадрҳои соҳа, самаранокии таҳсилот дар соҳаи фарҳанг ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон, баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ, такмили касбияти кормандони педагогию эҷодии муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг шароити зарурӣ фароҳам меоварад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 13, 2022 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд