ТИБҚИ СУПОРИШИ ПРЕЗИДЕНТ. Гурӯҳи кории Вазорати кишоварзӣ дар сафари корӣ дар ВМКБ қарор дорад

Июнь 28, 2022 09:48

ДУШАНБЕ, 28.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 28 июн гурўҳи кории Вазорати кишоварзӣ  таҳти роҳбари муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар  сафари корӣ қарор доранд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии мамлакат.

Гуфта шуд, ки зимни сафар,  гурўҳи корӣ дар  хоҷагиҳои деҳқонии вилоят  бо  ҳолати кишт, нашъу намои зироатҳо, таъмини оби полезӣ, кори техника,  мошинолот  шинос шуда, ба масъулин ва деҳқонони вилоят  ҷиҳати роҳандозии чорабиниҳои гуногун,  тақвияти фаъолияти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла  рўёндани ҳосили хуби маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин  истифодаи оқилонаи замин  дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара  18 июни соли 2022 баён доштанд, таҳти роҳбарии муовини Сарвазии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода ва Директори КВДҶ «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ сафари корӣ анҷом дода истодаанд.

АКС: шуъбаи матбуот ва иттилооти ВК ҶТ

Июнь 28, 2022 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид