ТИБҚИ СУПОРИШИ ПРЕЗИДЕНТ. Гурӯҳи кории Вазорати кишоварзӣ дар сафари корӣ дар ВМКБ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 28.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 28 июн гурўҳи кории Вазорати кишоварзӣ таҳти роҳбари муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар сафари корӣ қарор доранд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии мамлакат.
Гуфта шуд, ки зимни сафар, гурўҳи корӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии вилоят бо ҳолати кишт, нашъу намои зироатҳо, таъмини оби полезӣ, кори техника, мошинолот шинос шуда, ба масъулин ва деҳқонони вилоят ҷиҳати роҳандозии чорабиниҳои гуногун, тақвияти фаъолияти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла рўёндани ҳосили хуби маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин истифодаи оқилонаи замин дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара 18 июни соли 2022 баён доштанд, таҳти роҳбарии муовини Сарвазии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода ва Директори КВДҶ «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ сафари корӣ анҷом дода истодаанд.
АКС: шуъбаи матбуот ва иттилооти ВК ҶТ










Байни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Могилёви Беларус Харитаи роҳ оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид
Маркази илмии саратоншиносии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе бо таҷҳизоти ташхисии соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад
Дар Бадахшон беш аз 1 тонна молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлатгузашта нобуд карда шуд
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ масъалаҳои марбут ба идоракунии захираҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар Вашингтон дар Форуми баландпоя оид ба идоракунии дороиҳо ва захираҳои байналмилалӣ иштирок намуд
АНОРПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон 2026 гектар боғи мевадиҳандаи анор мавҷуд аст
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар самти рақамикунонӣ ва инноватсия мебошад
Дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Вахш кишти пунбадона идома дорад
Дар Москва ҷаласаи Шурои соҳибкории Русияву Тоҷикистон баргузор гардид
Корҳои омодагӣ барои баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ идома доранд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар самти рақамикунонии иқтисод ва татбиқи зеҳни сунъӣ густариш медиҳад






