ҲАДИСИ МУСАВВАР. Гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» аз сафари корвони иттилоотии журналистони Тоҷикистон ба Хатлонзамин

Июнь 18, 2022 10:54

ДУШАНБЕ, 18.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ корвони иттилоотии журналистони Тоҷикистон рӯзҳои 15-17 июн ба вилояти Хатлон сафар намуда, бо раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ дар минтақаи ҷануби кишвар, ки сокинони он бо меҳнати содиқона  дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарфи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, аз наздик шинос шуд.

Сафари корвони иттилоотӣ бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ширкати «Сиёма» созмон дода шуд.

Журналистон аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Леваканд, Балҷувон, Ховалинг ва Темурмалик боздид  намуда, аз мавзеъҳои фарҳангию сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихию меъморӣ, инчунин  бо фаъолияти корхонаҳои саноатиии вилоят, ки дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва эълон гардидани солҳои рушди саноат ба фаъолият шурӯъ намудаанд, шинос гардиданд.

 

 Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»,
Душанбе-Хатлон-Душанбе

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 18, 2022 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

СУРАТГУЗОРИШ. Бунёдгузору бунёдсози «Роғун» — Кохи бузурги нури Тоҷикистон
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ! Дар истироҳатгоҳи «Гулхан» мактаббачагон ба бозиҳои шавқовари варзишӣ ҷалб шудаанд
СУРАТГУЗОРИШИ АМИТ «ХОВАР». Дар роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз гулгашти назди Сирки давлатӣ
НАМОИШИ АСАЛ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории он дар ноҳияи Ховалинг
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Боғи ба номи Мироненкои ноҳияи Синои пойтахт
НОЗИРОНИ НАВРАСИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни оғози озмун
СУРАТ-ДАЛЕЛ. Иштирокдорони Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай аз НБО-и «Роғун» дидан намуданд
ЗОДАГОНИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Қадамҳои устувори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ. Суратгузориши АМИТ «Ховар»
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз маросими ифтитоҳи Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Душанбе
ФЕСТИВАЛИ ҲУНАРМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН. АМИТ «Ховар» аз рафти баргузории он дар Душанбе суратгузориш омода намуд