Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми бахши хусусии гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар Миср иштирок кард

Июнь 6, 2022 15:25

ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Арабии Миср Форуми бахши хусусии гурӯҳи Бонки Исломии Рушд баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба бонки мазкур.

Дар ҳошияи Форуми мазкур Сироҷиддин Икромӣ бо мақсади рушди ҳамкорӣ бо бонкҳои кишварҳои минтақаи АвруОсиё дар самти маблағгузории савдо, инчунин дигар намуди хизматрасониҳои муосири бонкӣ, пайдо намудани шарикони рушд ҷиҳати ҷалби бештари сармояи мустақим ба иқтисодиёти кишвар вохӯриҳои судманд гузаронд.

Аз ҷумла, Сироҷиддин Икромӣ бо роҳбарони Корпоратсияи суғуртаи қарзҳои сармоягузорӣ ва содиротии исломии Бонки Исломии Рушд (Islamic Corporation for the Insurance of Investment & Export Credit), Корпоратсияи байналмилалии исломии савдо ва молияви /(International Islamic Trade Finance Corporation (ITFC) Бонки Исломии Рушд /БИР/, Пажўҳишгоҳ ва Институти омўзишии БИР (Islamic Research and Training Institute (IRTI) ва Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ (Islamic Corporation for the Development of the Private Sector (ICD) мулоқот намуда, роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ кард.

Дарёфти шарикони рушд дар оянда ва пайдо кардани роҳҳои нави ҳамкории муштараки иқтисодиву молиявӣ аз ҳадафҳои асосии мулоқот буданд.

АКС: Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Июнь 6, 2022 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад