Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ-Чин» дар Нур-Султон иштирок намуд

Июнь 9, 2022 16:29

ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим дар Вохӯрии сеюми вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ-Чин», ки 8 июн дар шаҳри Нур-Султон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар нишасти мазкур  ҷонибҳо роҳҳои татбиқи минбаъдаи ташаббусҳоеро, ки 25 январи соли равон  дар Саммити маҷозии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ-Чин бахшида ба 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ пешниҳод  шуданд, баррасӣ намуданд.

Дар натиҷаи ҷаласа Изҳороти муштараки Вохӯрии сеюми вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ—Чин», «Харитаи роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ барои солҳои 2022-2025» ва ташаббусҳо роҷеъ ба амнияти махзанҳои иттилоотӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамгироӣ қабул гардид.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 9, 2022 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд