Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ-Чин» дар Нур-Султон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим дар Вохӯрии сеюми вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ-Чин», ки 8 июн дар шаҳри Нур-Султон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар нишасти мазкур ҷонибҳо роҳҳои татбиқи минбаъдаи ташаббусҳоеро, ки 25 январи соли равон дар Саммити маҷозии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ-Чин бахшида ба 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ пешниҳод шуданд, баррасӣ намуданд.
Дар натиҷаи ҷаласа Изҳороти муштараки Вохӯрии сеюми вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ—Чин», «Харитаи роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ барои солҳои 2022-2025» ва ташаббусҳо роҷеъ ба амнияти махзанҳои иттилоотӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамгироӣ қабул гардид.
Акс: ВКХ ҶТ









Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд






