Имрӯз ҷаласаи хотимавии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷмӯъ то ба имрӯз беш аз 56 қонун бо тартиби муқарраргардида қабул карда шуда, 39 лоиҳа дар баррасии кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, инчунин 27 лоиҳаи қонуни дигар барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ ирсол гардида, дар муҳокима қарор доранд. Аз шумораи умумии қонунҳои қабулшуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 лоиҳа, Ҳукумати мамлакат 43 лоиҳа, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ 3 ва аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон 7 лоиҳаро ташкил медиҳад. Ин нуктаро Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода имрӯз, 30 июн зимни баргузории ҷаласаи хотимавии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум иброз намуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, Маҳмадтоир Зокирзода дар назди вакилон иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ ду маротиба ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузор гардиданд, ки дар кори онҳо масъалаҳои барои ҳаёти ҷомеа муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз ҷумла дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии хешро ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат» ироа намуданд.
Дар давраи зикршуда 35 ҷаласаи Шӯро ва 28 иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон баргузор гардиданд, ки дар доираи онҳо беш аз 665 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин робита, аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда 466 қарори Шӯро ва 197 қарори Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраргардида қабул шуданд.
Ба иҷлосияҳои сеюми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум 127 қонун, аз ҷумла 20 қонуни мукаммал, 3 кодекс, 6 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 56 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, 42 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, инчунин беш аз 39 созишномаву протоколҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ манзур гардидаанд.
Дар фарҷоми иҷлосия аз рӯи масъалаи баррасиардида қарори дахлдор қабул карда шуд.
Акс: МН МО ҶТ








Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон






