Амина Муҳаммад, муовини Дабири кулли СММ: «Кофронси Душанбе оид ба об дар сатҳи баланд ташкил шудааст»

Июнь 7, 2022 14:40

ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад, ки ҷиҳати  иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои   2018 – 2028» дар Душанбе  қарор дорад,  имрӯз бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд.

Пас аз мулоқот муовини Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки «дар доираи ин сафар мо имконият пайдо намудем, ки бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намоем. Дар  ҷараёни  ин вохӯрӣ мо вобаста ба натиҷаҳои Конфронси имрӯза суҳбати  муфид доштем».

Амина Муҳаммад таъкид кард, ки «дар ин мулоқот ба масъалаҳои идоракунии захираҳои оби фаромарзӣ ва минтақаҳои кӯҳӣ аҳамияти хосса зоҳир карда шуд».

«Мо тамоми натиҷаҳои ин Конфронсро (Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, с. 2018 – 2028», 6-9 июн дар шаҳри Душанбе – тавзеҳи АМИТ «Ховар») барои баррасӣ ба Конфронси СММ оид ба об, ки моҳи марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, пешниҳод мекунем»,- тазаккур дод ӯ.

Бояд гуфт, ки Конфронси Ню-Йорк оид ба об на танҳо аз нигоҳи вақт (бори нахуст пас аз тақрибан 50 сол), балки аз ҷиҳати натиҷагирӣ низ таърихӣ буда, нуқтаи гардиш дар суръатбахшии амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои обро нишон медиҳад.

«Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ барои пешсафӣ дар пешбурди масъалаҳои вобаста ба об ва дар сатҳи баланд ташкил намудаи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» минатдории худро баён медорам», — гуфт дар анҷоми нишасти матбуотӣ Муовини Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2022 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода бо директори Бюрои рушди телекоммуникатсияи Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия Космас Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид