Ҳамкории илмӣ-таҳлилӣ миёни марказҳои зеҳнии Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад

Июнь 1, 2022 10:17

ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 31 май дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Анвар Носиров баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Дар мулоқот масъалаи таҳким ва тақвияти ҳамкории илмӣ-таҳлилӣ миёни марказҳои зеҳнии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ изҳор доштанд.

Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки масъалаи густариши робитаҳои дӯстона ва тақвияти ҳамкории илмӣ-таҳлилӣ бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Узбекистон дар авлавияти сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Зимнан,  директори Маркази тадқиқоти стратегӣ иброз дошт, ки айни ҳол дар минтақа ва ҷаҳон хатару таҳдидҳо афзоиш ёфта истодаанд ва ин раванд марказҳои зеҳнӣ ва муассисаҳои илмии кишварҳои моро водор менамояд, ки баҳри ҳифзи суботу амнияти минтақа, пешгирии хатару таҳдидҳо ва пешбурди ҳадафҳои муштарак ҷиҳати расидан ба рушди устувор ба ҳамкории илмӣ ва оянданигарӣ  тақвият бахшанд.

АКС: МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 1, 2022 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд