Ансамбли «Бонувон» бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ консерти ҳисоботӣ доданд

Июнь 9, 2022 14:48

ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба ҷашни 25-солагии  Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар толори «Ағунун»-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» консерти ҳисоботии ансамбли «Бонувон»-и донишкада баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Ҳайати ансамбли  «Бонувон» бо роҳбарии муаллими калон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Шарипова  дар консерти ҳисоботӣ  шеъру суруд ва оҳангу рақсҳои ҷолибу дилнавоз, аз қабили «Тоҷикистон», «Таронаи рӯд», «Таронаи занон», «Гулдухтарони тоҷик», «Оби равон», «Сабзинаранг», «Эй диёрам», «Дарё»,  «Пешвои миллат» ва сюитаи рақсиро  пешкаши ҳозирин  намуданд.

Пас аз анҷоми барномаи консертӣ,  Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ профессор Муҳриддин Низомӣ ба устодон ва донишҷӯдухтароне, ки дар омода намудани консерти ҳисоботӣ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуд.

 «Бонувони донишкада дар қатори устодон ва донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла  «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»  ва  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолона ширкат варзида, донишкадаро муаррифӣ менамоянд»,-изҳори қаноатмандӣ кард  Ректори донишкада.

Ҳамзамон Муҳриддин Низомӣ устодон ва донишҷӯдухтарони ансамбли  «Бонувон»-и муассисаро бо «Диплом» ва «Ифтихорнома»- ҳо қадрдонӣ намуд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 9, 2022 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд