Аз 20 июн ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири «Душанбе-Тошканд-Душанбе» шурӯъ мешавад
ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 июн ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири «Душанбе — Тошканд — Душанбе» шурӯъ мегардад.
Тавре дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, нархи чипта аз 370 сомонӣ дар як самт бо назардошти тахфиф вобаста ба вақти фурӯш оғоз мешавад.
Ин қатора ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе аз Душанбе ҳаракат карда, рӯзи сешанбе соати 13:43 ба Тошканд мерасад. Ҳаракат аз Тошканд ҳар ҳафта рӯзи сешанбе соати 16:15 сурат гирифта, ҳар рӯзи чоршанбе вориди Душанбе мешавад.
Масофа аз Душанбе то Тошканд 916 километр буда, вақти сафар 21 соатро дар бар мегирад. Тахмин меравад, ки қатора аз 10 вагон иборат хоҳад буд: 1 люкс, 4 купе, вагон-тарабхона ва 4 вагони класси дуюм.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, дар ин бора 2 июн зимни нишасти матбуотии муштарак Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Тошканд иттилоъ дода шуд.
Ҷонибҳо дар бораи ташаккули долонҳои нави транзитӣ ва таъсиси инфрасохтори замонавии логистикӣ, афзоиши ҳамлу нақли ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автобусҳо, ташкили кластерҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои замонавии истеҳсолӣ, ташкили коркарди меваю сабзавот ва якҷоя ворид шудан ба бозорҳои кишварҳои сеюм ба мувофиқа расиданд.
«Тибқи маълумоти мо, ҳамарӯза ҳудуди 20 ҳазор нафар марзи Тоҷикистон ва Узбекистонро бе мамониат убур мекунанд. Ин рақами хеле муҳим аст. Реҷаи муомилоти озоди молу хизмат таъмин карда шудааст. Ҳаҷми боркашонии ҳавоӣ ва автомобилӣ хеле афзудааст. Мо аҳд кардем, ки дар ояндаи наздик имконияти кушодани нақлиёти роҳи оҳани мусофиркашониро миёни пойтахтҳо ва дигар шаҳрҳои мамлакатҳоямон баррасӣ намоем», — изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






